Дар Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ" оғоз ёфт

    Саноат 25 Aprel 2022 1846

    25 апрел дар пойтахти Ӯзбекистон Намоишгоҳи дуюми байналмилалии саноатии «Иннопром. Осиёи Миёна» ба кор сар кард.

    Намоишгоҳро ҷаласаи асосии умумии «Осиёи Марказӣ: фазо барои пешрафти технологӣ» кушод. Иштирокдоронро муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров истиқбол намуданд.

    Дар ҷаласа роҳбарони ҳукуматҳои масъули сиёсати саноатӣ аз Ӯзбекистон, кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ва дигар шарикони тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доранд.

    Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳ ва барномаи корӣ беш аз 700 ширкати истеҳсолӣ ва ҳайатҳои соҳибкорӣ аз Ӯзбекистон, Русия, Беларус, Маҷористон, Фаронса, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доранд.

    Фаслҳои асосии намоишгоҳ: металлургия ва масолеҳ, автоматикунонии саноат, мошинасозӣ ва истеҳсоли қисмҳои комплектӣ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates