Бобати насби чароғакҳои «ақлнок», кашидани хатҳои роҳ мутобиқ ба стандартҳо ва ташкили дурусти истгоҳҳо корҳои васеъмиқёс оғоз мегардад. Дар ин бора роҳбари Дастгоҳи Президент Саида Мирзиёева маълумот дод.
Гуфта мешавад, ки корҳои татбиқи қарори Президент дар бораи навсозии низоми нақлиёт оғоз шудаанд.
Бо ин мақсад Маркази ташкили ҳаракати роҳ, ки махсус барои ҳамин ташкил гардидааст, имрӯз вобаста ба ҳалли мушкилоти танбашавии роҳҳо ва масоили экологӣ, инчунин назорати умумии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Тошканд тақдимот баргузор намуд.
Тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда, имрӯз ё фардо оид ба насби чароғакҳои «ақлнок», кашидани хатҳои роҳ мутобиқ ба стандартҳо ва ташкили дурусти истгоҳҳо корҳои васеъмиқёс оғоз хоҳанд шуд.
«Дар татбиқсозии ин лоиҳа, ки барои пойтахт ниҳоят муҳим ва зарур аст, ба ҷамоа муваффақият таманно дорам», — навиштааст Саида Мирзиёева.