Ғолибони чемпионати ҷаҳон оид ба боксро дар шаҳри Тошканд ботантана истиқбол гирифтанд

    Варзиш 28 Noyabr 2022 993

    Аз 14 то 26 ноябр дар шаҳри Ла Нусия (Испания) чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон баргузор гардид. Ҳайати вакилони Ӯзбекистон дар ҳисоби умумидастаӣ ҷои аввалро ишғол намуда, ба Ватан баргашт. Дастаи мунтахаби кишвар 5 медали тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дорад.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов дастаро кормандони Вазорати рушди варзиш бо роҳбарии Адҳам Икромов, котиби генералии КМО Ойбек Қосимов, муовини раиси кумита, муовини аввали раиси Федератсияи бокси кишвар Сакен Полатов, наздикону хешу таборони варзишгарон пешвоз гирифтанд.

    Вазири рушди варзиш устодони ҷавони дастпӯшакҳои чарминро бо баромади бомуваффақияташон табрик намуда, қайд кард, ки ин пирӯзӣ дӯстдорони варзиши ӯзбекро боз ҳам бештар рӯҳбаланд кард. Ӯ инчунин ба онҳо дар мусобиқаҳои муҳими дар пешистода сазовор баромад намуданро орзу намуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates