Ба ҳамин муносибат, ҶС «Toshshahartransxizmat» иштирокдорони ҳаракати роҳро ба эҳтиёткорӣ дар шароити мураккаби обу ҳаво даъват намуд.
Тибқи иттилоъ, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати набудани зарурат аз истифодаи нақлиёти шахсӣ, махсусан автомобилҳое, ки бо шинаҳои зимистонӣ муҷаҳҳаз нестанд, худдорӣ намоянд ва ҳангоми ҳаракат талаботи суръати муқарраршударо қатъиян риоя кунанд. Ба пиёдагардон низ таъкид шудааст, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ хеле ҳушёр бошанд.
Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ аз бандшавии роҳҳо ба аҳолӣ тавсия дода шудааст, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд.
Қайд мегардад, ки бинобар шароити номусоиди обу ҳаво дар баъзе кӯча ва роҳҳо мумкин аст ҳаракати нақлиёт душвор гардад. Ин эҳтимолан боиси вайрон шудани ҷадвал ва зиёд шудани фосилаи ҳаракати баъзе хатсайрҳои автобус хоҳад шуд.