Тибқи иттилои Агентии идоракунии партовҳо ва рушди иқтисоди даврӣ, низоми нав мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон №1044 аз 7 марти соли 2025 «Дар бораи ворид намудани илова ва тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба тақвияти интизоми пардохт дар соҳаи хизматрасониҳои ҷамъоварӣ ва бурдани партовҳо равона шудааст» ҷорӣ гардид. Ин низом ба таҳкими интизоми пардохти чунин хизматрасониҳо равона шудааст.

Мувофиқи тартиби муқарраршуда, то рӯзи 3-юми ҳар моҳ маълумот дар бораи қарздорон аз низоми электронӣ-биллинги «Toza makon» ба низоми биллинги ҶСК «Шабакаҳои барқи минтақавӣ» фиристода мешавад.

5 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ба сабаби тақрибан 2 миллиард 239 миллион сӯм қарзи дебиторӣ аз хидмати партов, ба 25 ҳазору 121 нафар муштарӣ тавассути рақами кӯтоҳи «2100» аз ҷониби ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» паёми огоҳкунанда (СМС) фиристода шуд.

Бино ба хабар, пас аз гузашти панҷ рӯз, барои 6 ҳазор муштарие, ки қарзашонро пардохт накарданд, маҳдудияти муваққатӣ ба пардохти барқ ҷорӣ шуд. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Тошканд беш аз 582 миллион сӯм қарзи дебиторӣ аз хидмати партовҳо мавҷуд аст.

Ёдовар мешавем, ки ин маҳдудият баъди пардохти қарз фавран бекор карда мешавад.

Барои маълумот: ин низом ба қарзҳое, ки то 30 июни соли 2025 ба вуҷуд омадаанд, татбиқ намегардад. Барои қарздорӣ аз хидмати партовҳо, ки аз 1 июли соли 2025 инҷониб ташаккул ёфтааст, аз 5 ноябри соли ҷорӣ маҳдудият истифода мешавад.

Корхонаҳои санитарии тозакунӣ барои дуруст ва одилона ҳисоб кардани пардохтҳо масъуланд.

Ин тартиб аз моҳи декабри соли ҷорӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ роҳандозӣ мешавад.