Дар Тошканд барои шабона равшан кардани кӯчаҳо маҳдудият ҷорӣ карда шуд

    Энергетика 17 Noyabr 2022 1223

    Корхонаи воҳиди давлатии «Тошшаҳрнур» муваққатан аз 16 ноябр сар карда шабакаҳои равшанкуии кӯчаҳоро ба тартиби маҳдуд кардани истеъмол дар шабона мегузаронад.

    «Умедворем, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Тошканд ноқулайиҳои муваққатии шомгоҳону шабонаро дарк намуда, дар ҳалли мушкилоти умумӣ оид ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи қувваи барқ дар ҳаёти ҳаррӯза фаъолона иштирок хоханд кард", -- гуфта мешавад дар хабари ширкат.

    "Тошшаҳрнур" тавзеҳ дод, ки ба тартиби каммасраф гузаронидани низоми равшаникунии кӯчаҳо асосан ба системаи равшанӣ ва иллюминатсияи кӯчаҳои марказӣ дахл дорад, равшаникунии кӯчаҳо пурра қатъ карда намешавад.

    «Кӯчаҳо, мавзеъҳо ва маҳаллаҳои истиқоматӣ дар сатҳи стандартӣ равшан карда мешаванд», - омадааст дар хабари ширкат.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates