Бозии шавқовар бо ғалабаи намояндагони ҷумҳурии ҳамсоя ба ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Ба ин тартиб, дар сабқати духтарон мунтахаби Қазоқистон мақоми аввал, насиби дастаи Ӯзбекистон-1 ҷойи дувум ва медалҳои биринҷӣ насиби Ӯзбекистон-2 гардид, ки дар даври ниманиҳоӣ шикаст хӯрд.
Дар сабқати ҷавонон тими Эрон дар финал бар тими Покистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард. Медалҳои биринҷӣ насиби ҳамватанони мо гардид.
Бино ба иттилои хидмати матбуоти КМО, аз 22 то 29 июл дар пойтахти мо чемпионати Осиё байни наврасони то 16-сола баргузор мешавад.