Дар ҷараёни чорабинии фаврии муштарак, ки аз ҷониби Садорати хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Тошканд ва дигар идораҳои мақомоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд, анбори яке аз дорухонаҳои ноҳияи Тошканд тибқи тартиби муқарраршуда санҷида шуд.
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки дар анбор 1209 номгӯй дору ба маблағи умумии 38 миллиард сӯм нигоҳ дошта мешавад. Аз ин миқдор, аксари дорувориҳо – тахминан 20 миллиард сӯмина дорои сертификати мутобиқ ба талаботи байналмилалии GDP (нигоҳдорӣ, воридот ва фурӯш) набудаанд. Ҳамчунин бе гирифтани иҷозатномаи дахлдор аз мақоми сертификатсияи назди Агентии рушди соҳаи фармасевтӣ нигоҳдорӣ шудани онҳо ошкор гардид.
Инчунин муайян шуд, ки муҳлати истифодаи 30 номгӯй дору дар 10 509 қуттӣ бо арзиши умумии 263 миллион 921 ҳазор сӯм гузаштааст. Муҳлати истифодаи 3 номгӯй дору дар 639 қуттӣ ва 243 дона воситаҳои гелӣ қалбакӣ иваз карда шудааст.
Тибқи хулосаи муассисаи давлатии «Маркази амнияти маҳсулоти фармасевтӣ», шахсони мансабдори дорухона доруҳоро берун аз биное, ки дар иҷозатнома нишон дода шудааст, нигоҳ доштаанд.
Ғайр аз ин, барои 10 номгӯй дору сертификати мутобиқат расмӣ карда нашуда, 1 номгӯй дору ба таври контрафактӣ истеҳсол шудааст. 9 номгӯй дору аз қайди давлатии ҳатмӣ нагузашта, 20 номгӯй доруи муҳлаташон гузашта ба ҷои нест кардан, ғайриқонунӣ нигоҳдорӣ шудааст.
Аз ин рӯ, нигоҳдорӣ, фурӯш, интиқол ва истифодаи ин доруҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон қатъиян манъ карда шуд.
Ҳоло нисбат ба шахсони мансабдори дорухона бо моддаи 186³, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.