Маълум шуд, ки ӯ ба як сокини маҳаллӣ ваъда додааст, ки ҳукми судро, ки 2 сол маҳрумият аз озодӣ таъин шуда буд, тавассути шиносҳояш дар низоми судӣ ба ҷазои маҳдуд кардани озодӣ иваз мекунад.
Адвокат ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллари ИМА барои ин хизмат бо далелҳои шайъӣ дастгир шуд.
Ҳоло, нисбат ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.