Дар Теь-Авив пешомадҳои ҳамкории истеҳсолгарони Ўзбекистон ва Исроил баррасӣ шуданд

    Сафири Ўзбекистон Феруза Маҳмудова бо президенти Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони Исроил Рон Томер мулоқот кард.

    Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони Исроил соли 1921 таъсис ёфта, зиёда аз 2000 иттиҳодияю корхонаҳои гуногунро (90 фоизи саноати давлат) муттаҳид мекунад.

    Ташкилот аз департаментҳои иқтисод, меҳнат, савдои хориҷӣ ва робита бо ҷомеа, молия ва коммуникатсия иборат аст. Шарикони асосии дохилии иттиҳодия вазоратҳои иқтисод ва молияи Исроил ва Институти содирот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошанд, хабар медиҳад хабаргузории "Дунё".

    Зимни суҳбат таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои электротехника, кимиё ва дорусозӣ, ки барои ду кишвар ояндадор мебошанд, дода шуд.

    Инчунин дар бораи таҳияи санади дахлдор оид ба амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Исроил аз ҷониби коргарони соҳибихтисоси Ӯзбекистон созиш ҳосил шуд.

    Ба гуфтаи ҷониби исроилӣ, бо мақсади ошноӣ бо иқтидори васеи саноатӣ ва корхонаҳои пешқадами истеҳсолии кишвари мо, дар ояндаи наздик ҳайати Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони Исроил ба Ӯзбекистон сафар карданро ба нақша гирифтааст.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates