Семинари мазкурро муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Ислом Ҷасимов ва роҳбари лоиҳа Саидкомил Саидназархонов роҳбарӣ намуда, дар он роҳбарон ва ёварони менеҷерони бизнес-инкубаторҳои минтақавӣ низ иштирок намуданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 июли соли 2019 ҚП-4399 «Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди соҳибкории деҳот дар водии Фарғона» бо иштироки Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд» аз ҷониби Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон бизнес-инкубаторҳои минтақавӣ дар 9 ноҳия ва шаҳрҳои вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон созмон дода шуданд.
Бизнес-инкубаторҳои минтақавӣ барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба соҳибкорӣ машғул шаванд ва барои субъектҳои соҳибкорӣ, ки фаъолияти худро оғоз кардаанд, курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, маълумоти заруриро пешниҳод карда, дар ҳалли масъалаҳои амалӣ кумаки содиротӣ, ҳуқуқӣ ва машваратӣ мерасонанд.
Мақсади асосии БИМ дастгирии соҳибкории деҳот дар водии Фарғона ва рушди минбаъдаи он ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ПСС.