Дар Бонки марказӣ бо роҳбарияти ширкати “TBC Bank Group” вохӯрӣ баргузор гардид

    Молия 27 Yanvar 2022 1572

    Дар рафти мулоқот натиҷаҳои фаъолияти бонки “TBC” дар Ӯзбекистон барои соли 2021 баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти бонки “TBC” оид ба маҳсулоти ба роҳ мондаи бонкӣ, инчунин дар бораи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, ки ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ нигаронида шудаанд, маълумоти муфассал дода шуд.

    Ҳамчунин, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба роҳандозии маҳсулоти нави бонкӣ аз ҷониби “TBC бонк” дар бозори Ӯзбекистон табодули назар карданд.

    Бинобар ҷамъбасти вохӯрӣ “TBC банк” ба иштирок дар маърака, ки аз ҷониби Бонки марказии Ӯзбекистон ташкил карда шуда, ба дар аҳолӣ ташаккул додани малака ва маданияти пасандоз нигаронда шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    Барои маълумот: БСТ «TBC Bank» фаъолияташро дар соли 2020 ҳамчун нахустин бонки рақамӣ дар Ӯзбекистон оғоз намудааст. Имрӯз “ TBC Bank” дар тамоми минтақаи Ӯзбекистон 10 филиал дорад, ки дутои онҳо дар Тошканд ҷойгир шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates