баннер
26 Mar 2025
05:26

    Бонки марказии Ӯзбекистон ирсоли паёмҳои SMS-огоҳиномаро дар бораи кортҳои бонкӣ шарҳ дод

    Молия 20 Fevral 2025 1213

    Бонки марказии Ӯзбекистон дар бораи паёмҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ирсоли SMS-огоҳиномаҳои марбут ба кортҳои бонкии шаҳрвандон аз бонкҳои тиҷоратӣ пайдо шуданд, шарҳ дод.

    Бонки Марказӣ изҳор дошт, ки паёмҳои SMS-и зикршуда аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ мутобиқи дастури дахлдори Бонки марказӣ фиристода мешаванд. Ҳадафи ин огоҳиномаҳо иттилоъ додани шаҳрвандон дар бораи кортҳои бонкие мебошад, ки ба номи онҳо расман сабт шудаанд. Бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберамният, рақами кортҳо дар паёмҳои SMS қисман пинҳон карда мешаванд.

    Агар дар бораи тааллуқ доштани кортҳои зикршуда ба шаҳрвандон саволе ба миён ояд, тавсия дода мешавад, ки барои дақиқ кардани маълумот ва дар ҳолати зарурӣ бастани кортҳои истифоданашуда ба бонки тиҷоратии хидматрасон муроҷиат кунанд.

    Бояд қайд кард, ки ғайр аз тарзи анъанавии гирифтани корти бонкӣ, қаллобон метавонанд тавассути ҳисоби шахсии муштарӣ дар замимаи мобилии бонкӣ ба номи шаҳрвандон кортҳои виртуалии бонкӣ сабт кунанд. Ҳамчунин, шаҳрвандон метавонанд шахсан бо сабти ном дар замимаи мобилии бонк кортҳои бонкиро расмӣ гардонанд.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech