Намояндагони Коммерцбанк нияти амиқтар кардани муносибатҳоро бо Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратии кишвар қайд карданд.
Дар навбати худ Бонки марказӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Коммерцбанк дар соҳаҳои гуногун изҳор намуд.
Дар Бонки марказии Ҷумҳурии Ўзбекистон бо ҳайати Коммерцбанки (Олмон) вохӯрӣ ба амал омад. Дар рафти мулоқот дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуд.
Намояндагони Коммерцбанк нияти амиқтар кардани муносибатҳоро бо Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратии кишвар қайд карданд.
Дар навбати худ Бонки марказӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Коммерцбанк дар соҳаҳои гуногун изҳор намуд.
Узвият дар ташкилоти байналмилалии APWG (Anti-Phishing Working Group – Гурӯҳи мубориза бо фишинг) ба маркази киберамнияти «CERT-CBU»-и Бонки миллии Ӯзбекистон имконияти мубодилаи таҷрибаро оид ба таъмини амнияти киберӣ дар низомҳои бонкӣ ва пардохтӣ медиҳад. Ҳамчунин, сари вақт гирифтани огоҳии таҳдидҳои кибериеро, ки дар ҷаҳон пайдо мешаванд, фароҳам меорад.
Дар тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Ӯзбекистон 12,6 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 фоиз зиёдтар аст.
Дар охири моҳи октябр захираҳои тиллову асъори Бонки марказии Ӯзбекистон 2,0 миллиард доллар афзоиш ёфта, ба 43,1 миллиард доллар расид. Аз ҷумла, захираҳои асъори хориҷӣ аз 8,7 миллиард доллар ба 9,2 миллиард доллар афзоиш ёфт (дар моҳи сентябр онҳо аз 8,2 миллиард то 8,7 миллиард доллар афзоиш ёфтанд).
Раҳбарияти Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи раҳбарони бонкҳои марказӣ дар ҳошияи нишасти 11-уми Созмони кишварҳои туркӣ, ки дар Бишкек баргузор мешавад, ширкат кард.
Захираҳои тиллову асъори Бонки марказии Ӯзбекистон дар моҳи сентябр 2,0 миллиард доллар афзуда, аз 41,1 миллиард доллар гузашт. Аз ҷумла, захираҳои асъори хориҷӣ аз 8,2 миллиард доллар ба 8,7 миллиард доллар афзоиш ёфт (дар моҳи август онҳо аз 7,7 миллиард то 8,2 миллиард доллар афзоиш ёфт).
Дар рафти чорабинӣ намояндагони Корпоратсия дар бораи механизмҳо ва заминаҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи амонатгузорон дар Кореяи Ҷанубӣ муфассал нақл карданд.