Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 ширкат мекунанд

    Варзиш 31 Yanvar 2022 1573

    Бо даъвати Раиси ҶМЧ Си Сзинпин 4 феврали соли 2022 раҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат хоҳанд кард.

    Бинобар хабари агентии иттилоотии "Синхуа", Раиси ҶМЧ аз 4 то 6 феврал дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин ширкат карда, ҳамчунин барои раҳбарони давлатҳои хориҷӣ, сарони ҳукуматҳо, аъзои хонаводаи шоҳон ва сардорони ташкилотҳои байналмилалӣ зиёфат медиҳад, хабар медихад АИ «Дунё».

    Дар сафи меҳмонон сарони Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Миср, Лаҳистон, Аргентина, Сингапур, шоҳи Камбоҷа, амири Қатар, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва раҳбарони чанд кишвари дигар, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус низ ҳузур доранд.

    Бозиҳои олимпӣ дар Пекин аз 4-ум то 20-уми феврал, Паралимпиада 4-13-уми марти соли ҷорӣ баргузор мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates