Дар Ӯзбекистон акнун шиносномаҳои кадастрӣ дар шакли кортҳои пластикӣ дода мешаванд

    Рақамисозӣ 15 Oktabr 2021 1448

    Ҳамаи марказҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии хидматҳои давлатии вилояти Навоӣ ба додани шиносномаҳои нави кадастрӣ дар шакли кортҳои пластикӣ ба  шаҳрвандон ва соҳибкорон шурӯъ карданд.  

    Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати минтақавии Агентии хидматҳои давлатӣ, шиносномаи кадастрӣ шакли электронӣ дорад ва дорои ҳама маълумот дар бораи амвол, аз ҷумла рақами кадастрӣ, маълумоти соҳиби моликият, рақами мушаххаси шахси воқеӣ, намуди моликият, нақшаи кадастрӣ ва маълумоти дигар мебошад.

    Намунаи нави шиносномаи кадастрӣ низоми QR-код дошта, бо ёрии он мулкдор метавонад дар вақти дилхоҳ ба воситаи иловаи махсуси телефони мобилӣ дар бораи мулки ғайриманқул маълумот гирад, хабар медиҳад ӮзА.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates