Мувофиқи маълумоти Агентии омор, истифодаи нишондиҳандаи ҳадди ақали хароҷоти истеъмолӣ ба сифати нишондиҳандаи хатти камбизоатӣ имкон медиҳад:

гурўҳи аҳолӣ, ки дар ҳолати камбизоатӣ ё нотавонӣ қарор дорад, муайян карда шавад;

барномаю тадбирҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҳия ва татбиқ карда шавад;

ба самаранокӣ ва натиҷабахшии тадбирҳои зидди камбизоатӣ баҳо дода шавад;

дар бораи расондани ёрии иҷтимоӣ ва таъминоти моддӣ ба шахсоне, ки аз дараҷаи муқарраршудаи минималии хароҷот паст қарор доранд, карор кабул карда шавад.

Таъкид менамоем, ки муқаррароти нишондиҳандаи ҳисоби моҳона ба сатҳи солонаи таваррум барои соли 2022 асос ёфтааст. Аз он вақт инҷониб мизони таваррум дар ин давра аз 17 фоиз гузашт ва дар бахши ғизо он 23 дарсадро ташкил дод.