Дар Ӯзбекистон нафақа бинобар синну сол ба таври «проактивӣ» бе муроҷиати шаҳрванд таъин карда мешавад

    Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Узбекистон (ҚҶӮ-1066 аз 19.05.2025), ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

    Мувофиқи ин тағйирот, ба Қонуни «Дар бораи таъминоти нафақавии давлатии шаҳрвандон» иловаҳо ворид карда шуданд, ки таъин намудани нафақаи синнӣ ба шаҳрвандоне, ки ба синну соле расидаанд, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро медиҳанд, бе зарурати муроҷиати онҳо (ба таври проактивӣ) пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон, шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз нафақае, ки ба таври мазкур таъин шудааст, даст кашанд.

    Тибқи иловаҳои воридгардида, ҳуқуқи шаҳрванд ба гирифтани нафақаи синнӣ бо истифода аз маълумотҳои дастрас аз низомҳои иттилоотӣ муайян карда мешавад.

    Агар шаҳрванд бо ҳаҷми нафақае, ки ба таври проактивӣ таъин шудааст, розӣ набошад ё хоҳиши идома додани фаъолияти меҳнатиро бо баромадан ба нафақа дар оянда дошта бошад, ӯ метавонад аз нафақаи таъиншуда даст кашад.

    Барои ин, шаҳрванд бояд дар муддати 10 рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳнома ба шуъбаи Хазинаи нафақа бо ариза муроҷиат намояд ё анкетаи дахлдорро тавассути маркази хизматрасониҳои давлатӣ ё портали Ягонаи интерактивии давлатӣ (my.gov.uz) пур кунад.

    Ариза ё анкета дар бораи таъйин намудани нафақа на дертар аз 10 рӯз баррасӣ мегардад.

    Таъин намудани нафақа ба таври проактивӣ дар рӯзи расидани шаҳрванд ба синни нафақа анҷом дода мешавад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates