Мафалда Дуарте эътироф кард, ки дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, дар мамлакати мо тамоми соҳаҳо устуворона инкишоф меёбанд.
Ҳамзамон, директори иҷроияи Фонди иқлими сабз қайд кард, ки ҳадафҳои мушаххаси дар стратегияи «Ӯзбекистон-2030» гузошташуда, ки рушди маблағгузории «сабз», мутобиқсозии иқлим ва ислоҳоти ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад, барои дигар кишварҳо низ муҳим буда, аз он, ки хатарҳои тағйирёбии иқлим дар мамлакат дуруст талқин мешаванд ва дар асоси тадқиқоти илмӣ чораҳо андешида мешаванд, баҳои баланд дод.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он табодули ҳамаҷониба сурат гирифт.
Инчунин, масъалаҳои ифтитоҳи намояндагии минтақавии Фонди иқлими сабз дар кишвари мо, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии кабудизоркунӣ ва идоракунии устувори замин дар якҷоягӣ бо фонд, беҳбуди вазъи иҷтимоию экологии назди Арал, истифодаи самараноки захираҳои молиявии фонд, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ бо Донишгоҳи сабз баррасӣ шуданд.








