Ӯзбекистон нақша дорад, ки кушодани суратҳисобро барои афроде, ки таҳти санксия қарор доранд, манъ кунад

    Молия 14 Fevral 2024 1704

    Дар Ӯзбекистон қонуне омода мешавад, ки бар асоси он бар одамони таҳти санксияи иқтисодӣ афтида боз кардани суратҳисобҳои бонкӣ манъ карда мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар қироати якум маъқул дониста шуд.

    Бонки марказӣ ҳуқуқи муқаррар намудани талаботро оид ба идоракунии хавфҳои дар ташкилотҳои қарзиву пардохтӣ ба санксияҳои иқтисодӣ алоқаманд ба даст меорад. Ин талабот ба дуруст арзёбӣ ва кам кардани чунин хатарҳо равона карда мешаванд.

    Бонкҳо, муассисаҳои пардохтӣ ва ташкилотҳои ғайрибонкӣ метавонанд дар сурати мавҷуд будани хатари ҷорӣ шудани санксияи иқтисодӣ ба муштариён аз кушодани суратҳисобҳо ва анҷом додани муомилот даст кашанд.

    Ин ҳуҷҷат бо ислоҳҳо бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳое чун Латвия, Ҷумҳурии Чех, Эстония ва Гурҷистон таҳия шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates