Дар Ӯзбекистон соҳибкороне, ки дар соҳаи заргарӣ фаъолият доранд, боз ҳам дастгирӣ карда мешаванд

    Тиҷорат 16 Oktabr 2025 2820

    Қарори Президент “Дар бораи чораҳои дастгирии минбаъдаи субъектҳои соҳибкорӣ, ки дар соҳаи заргарӣ фаъолият доранд” (ҚП-303, 15 октябри соли 2025) қабул гардид.

    Мақсади Қарор расонидани кумаки ҳамаҷониба ба соҳибкороне, ки дар соҳаи заргарӣ фаъолият доранд ва ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба маснуоти заргарии босифати маҳаллӣ мебошад.

    Бар асоси банди дувуми қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 декабри соли 2022 таҳти рақами ҚП-452 (https://lex.uz/docs/6346726) муҳлати амал кардани имтиёзҳо ҳангоми фурӯши металлҳои қиматбаҳо тавассути биржа ва шартномаҳои мустақим то 1 феврали 2029 дароз карда шуд.

    Аз 1 феврали соли 2026, ҳангоми ташаккул додани рӯйхати субъектҳои соҳибкории истеҳсолкунандаи маснуоти заргарӣ, ки имтиёз дода мешавад, меъёрҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

    бо заргароне, ки ба ҷойҳои нави корӣ қабул мешаванд, имзо намудани шартномаи расмии меҳнатӣ ва ба онҳо пардохтани музди меҳнат ба андозаи на кам аз чор баробари миқдори камтарини музди меҳнат (ин аз ҷониби мақомоти андоз тасдиқ шавад);

    субъекти соҳибкорие бошад, ки дар марказҳои заргарӣ ҳадди ақал як моҳ фаъолият бурда бошанд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates