Дар ин бора дар рафтаи нишасти матбуотӣ, ки бо мақсади гузаронидани марафони давидан таҳти шиори “Номаи хотира ба авлоди нав” доир гардид, маълумот дода шуд.
Зикр гашт, ки куҳансолтарини онҳо феълан 114 сол дорад.
Ёдовар мекунем, ки Ӯзбекистон дар пирӯзӣ дар ҷанг саҳми арзанда гузоштааст. Дар он вақт аҳолии ҷумҳурӣ 6,5 миллион нафар буд, ки зиёда аз 1 миллиону 951 ҳазор нафари онҳо ба фронт фиристода шуданд. 538 ҳазор нафари онҳо дар ҷанг ҳалок гардиданд.
Дар саросари мамлакат 280 корхонаи нав бунёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти ҳарбӣ роҳандозӣ шудааст. Илова бар ин, Ӯзбекистон беш аз 1,5 миллион нафар инсонҳои эвакуатсияшуда, аз ҷумла 250 000 ятимро ба канори худ гирифтааст.