Дар наздикии мактабҳои шафати роҳҳо фоторадарҳо насб хоҳанд шуд

    Бехатарӣ 27 Mart 2024 2200

    Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 марти соли 2024 № 148 «Дар бораи чораҳо оид ба такмил додани низоми сабти қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ бо истифода аз воситаҳои махсуси аксбардорӣ ва видео» қабул гардид.

    Аз 1 июли соли 2024 дар наздикии мактабҳо дар канори роҳҳо, дар гузаргоҳҳои пиёдагардони роҳҳои дорои чор ва зиёда хатти роҳҳо ва дар наздикии ҷойи ҳодисаҳои нақлиётӣ воситаҳои махсуси аксбардорӣ ва сабти видеои ҳуқуқвайронкуниҳо тадриҷан насб карда мешаванд.

    Насби маблағ аз ҳисоби Фонди ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар ва пиёдагардон» амалӣ карда мешавад.

    Маводи акси дорои ҳуқуқвайронкуниҳо на камтар аз 730 рӯз, маълумотҳои видеоӣ на камтар аз 90 рӯз нигоҳ дошта мешаванд.

    Ҳуҷҷат дар Базаи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ нашр шуда, аз 26 марти соли 2024 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад "Norma".

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates