Тибқи ин қарор, дар шаҳри Тошканд дар низоми Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ Маркази бисёрфунксионалии инклюзивӣ-ресурсӣ (Маркази инклюзивӣ) таъсис дода мешавад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо бошад, дар заминаи мактабҳои махсус ё мактаб-интернатҳо барои кӯдакони дорои ниёзҳои махсуси таълимӣ як мактаби бисёрфунксионалии инклюзивӣ-ресурсӣ ташкил карда мешавад.
Аз соли таҳсилии 2026/2027 дар ҳайати Маркази инклюзивӣ ба таври таҷрибавӣ фаъолияти мактаби инклюзивӣ-коррексионӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар мактаб фаъолияти синфҳои инклюзивӣ барои зинаи ибтидоӣ ташкил карда шуда, он мутобиқшавии хонандагон, ташаккул ва рушди малакаҳои омӯзиш ва муошират, инчунин машғулиятҳои коррексионӣ ва иловагиро тибқи нақшаи инфиродии таълим дар бар мегирад.
Дар Маркази инклюзивӣ барои хонандагони дорои маъюбият, ки дар синфҳои инклюзивии мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, машғулиятҳои иловагӣ аз рӯйи фанҳо, касбҳо ва дарсҳои коррексионӣ ба роҳ монда мешаванд.
Аз 1 январи соли 2027 дар Маркази инклюзивӣ барои арзёбии дониш ва малакаи омӯзгорони махсуси муассисаҳои давлатии таълимӣ низоми сертификатсияи касбии омӯзгорони махсус ҷорӣ карда мешавад.
Аз соли таҳсили 2027/2028 дар минтақаҳо фаъолияти мактабҳои инклюзивӣ ба таври марҳилавӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.