Дар Ӯзбекистон тартиби таъини нафақа бинобар синну сол барои шаҳрвандон содда карда мешавад

    Дар ҷамъомади шашуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қонун «Дар бораи ворид кардани иловаю тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар такмили минбаъдаи низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ» баррасӣ гардид.

    Қонуни мазкур ба такмил додани минбаъдаи низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ равона гардидааст. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ тавассути васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ дар низоми таъини нафақа ба аҳолӣ, ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъмини нафақаи давлатӣ ба шаҳрвандон» илова ва тағйирот ворид карда мешавад, ки таъини нафақаро дар шакли проактивӣ барои шаҳрвандоне, ки ба синни муқарраршуда (мардон — 60 сола, занон — 55 сола) расидаанд, бе зарурати муроҷиати онҳо пешбинӣ мекунад.

    Дар натиҷаи татбиқи ин тартиб дар амал, барои таъини нафақа шаҳрвандон дигар ниёз надоранд, ки ба шӯъбаи минтақавии Бунёди нафақа ё Маркази хизматрасониҳои давлатӣ муроҷиат намоянд.

    Илова бар ин, ҳангоми қабул кардани қарор дар бораи таъини нафақа ба шаҳрвандоне, ки ба синни нафақа расидаанд, ба рақами телефони онҳо тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, паёми SMS дар бораи таъини нафақа ва ҳаҷми он ирсол мегардад.

    Қонун ҳамчунин ҷорӣ кардани тартиби даст кашидан аз нафақаи таъиншудаи синнусолиро дар ҳолате, ки шаҳрванд ба синни нафақа расидааст, вале корро идома медиҳад ва мехоҳад нафақаро баъдтар гирад, пешбинӣ мекунад.

    Ғайр аз ин, бо назардошти он ки ваколатҳои таъин ва пардохти ҳамаи кумакпулиҳо ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор гардидааст, дар асоси Қонун ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва «Дар бораи шуғли аҳолӣ» низ тағйиру иловаҳо ворид мегарданд.

    Ба андешаи сенаторҳо, меъёрҳои муқарраршаванда ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини нафақа ва бартараф кардани монеаҳои зиёди бюрократӣ равона шудаанд.

    Пас аз муҳокимаи фаъол, сенаторҳо Қонунро бо дарназардошти муҳимият ва зарурати он тасдиқ намуданд.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates