Мувофиқи низомнома, доруҳои дорухатӣ бояд дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуда бошанд.

Кормандони тиб маълумоти беморро ба низоми иттилоотии дар ташкилоти тиббӣ ҷоришуда ворид мекунанд, ки онҳо худкорона ба модули «Кортҳои электронии тиббӣ» интиқол дода мешаванд.

Доруҳо ба бемор тавассути расмӣ гардондани дорухати электронӣ дар ҳамин низоми иттилоотӣ таъин карда мешаванд.

Дорухат аз ҷониби духтури муолиҷавӣ бо истифодаи усулҳои тасдиқи электронӣ ва ба таври худкор гузоштани рамзи QR тасдиқ карда мешавад. Ҳамзамон маълумоти зарурӣ, ки ба дорухати электронӣ дахл дорад, ба таври худкор ба модули «Дорухати электронӣ» интиқол дода мешавад.

Ба духтурон имконият дода мешавад, ки ҳаракати доруҳои барои бемор таъингардида ва дар чакана ба фурӯш рафтаро дар асоси дорухати электронӣ назорат кунанд.

Ҳамаи маълумоте, ки ба дорухати электронӣ дахл дорад, ба таври худкор ба кортҳои электронии тиббии бемор ворид карда мешаванд.