Мутобиқи ин қарор, шиносномаи хизматрасонии давлатӣ оид ба додани маълумотнома дар бораи набудани қарз аз хизматрасониҳои коммуналӣ тасдиқ гардид.

Тибқи ҳуҷҷат, дар варақаи дархост (анкета) маълумоти зерин дар бораи шахс нишон дода мешавад:

Барои шахсони воқеӣ:

насаб, ном ва номи падар;

маълумоти шиноснома ё корти ID;

забони маълумотнома (ӯзбекӣ/русӣ);

суроғаи электронӣ (агар бошад) ва рақами телефон;

рақами кадастрӣ;

Барои шахсони ҳуқуқӣ:

номи пурра;

рақами телефон;

ИНН;

рақами кадастрӣ;

ҳисоби абонентӣ (агар бошад).

Хизматрасонии давлатӣ ройгон пешниҳод карда мешавад.

Барои маълумот: Бо қарор аз 16 сентябри соли 2025 №ҚП–286 ҷорӣ намудани хизматрасонии давлатии додани маълумотнома дар бораи набудани қарз аз хизматрасониҳои коммуналӣ тавассути портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — ПЯХИД (my.gov.uz) пешбинӣ шудааст.