Дар ҷараёни муҳокима таъкид шуд, ки имрӯз шумораи аҳолӣ ва талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, истеҳсоли маҳсулоти бехатару рақобатпазир ва ҳифзи боэътимоди манфиатҳои истеъмолкунандагон ба яке аз вазифаҳои муҳим табдил ёфтааст. Бинобар ин, таъмини бехатарии озуқаворӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар муайян гардидааст.

Қонун принсипи пешниҳоднамудаи Президенти Ӯзбекистон — «аз саҳро то дастархон»-ро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустаҳкам менамояд. Мувофиқи ин принсип, дар тамоми давраи ҳаёти маҳсулот назорати самараноки бехатарии он таъмин карда мешавад. Ҳамчунин фаъолияти озмоишгоҳҳои соҳаҳои санитария, байторӣ ва карантин ва рақамикунонии онҳо дар асоси низоми ягона ташкил хоҳад шуд.

Дар қонун самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ваколатҳои мақомоти масъули давлатӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ба таври дақиқ муайян шудаанд.

Ҳамзамон, талаботи ягона оид ба истеҳсол, бастабандӣ, тамғагузорӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва таъмини пайгирии маҳсулоти озуқаворӣ ҷорӣ мегардад. Инчунин, тавассути татбиқи низоми таҳлили хавфҳо ва нуқтаҳои муҳими назоратӣ, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ васеъ истифода мешавад, назорат аз болои бехатарии маҳсулот боз ҳам пурзӯр карда хоҳад шуд.

Ба андешаи сенаторон, қабули ин қонун барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти бехатару босифат, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии бемориҳои вобаста ба ғизо, ҷорӣ намудани қоидаҳои равшан ва шаффоф барои истеҳсолкунандагон, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Бинобар натиҷаи муҳокима аз рӯи ин масъала қарори дахлдори Кумита қабул гардид.