Ӯзбекистон муваққатан барои манзили дуюмдараҷа ипотекаро аз нав маблағгузорӣ намекунад

    Молия 1 Fevral 2022 2323

    Бо назардошти таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудан аз ҷониби аҳолӣ ба қарзҳои ипотекӣ барои харидории манзил аз бозори дуюмдараҷаи амволи ғайриманқул, Ширкати бозмаблағгузории ипотекаи Ӯзбекистон захираҳои мавҷудаи пешбининамудаи барномаи рушди бозори ипотекиро пеш аз мӯҳлат азхуд хоҳад кард.

    Дар ин бора дар изҳороти расмии ШБИ гуфта мешавад.

    Қаблан дар бораи ислоҳоти бахши ипотекаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дода шуда буд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои Бонки осиёии рушд ва Вазорати молия консепсияи татбиқи Барномаи рушди бозори ипотека дар Ӯзбекистон барои солҳои 2019- 2021 (Барнома) таҳия шуда буд. Мутобиқи консепсия, унсури асосии Барнома таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани Ширкати бозмаблағгузории ипотекаи Ӯзбекистон (ширкат) мебошад, ки бо фармони Президент аз 13 майи 2019 № 5715 дар шакли "харитаи роҳ"-и тасдиқшуда мустаҳкам шудааст.

    Мутобиқи Барнома барои фаъолгардонии ширкат дар марҳилаи аввал аз ҷониби Бонки осиёии рушд ҷудо намудани қарз ба миқдори 150 миллион доллари ИМА барои азнав маблағгузории портфели қарзҳои имтиёзноки ипотека, ки аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ бо тадриҷан азхудкунии ин захираҳо то охири семоҳаи 1-уми соли 2023 таъсис дода шудааст, пешбинӣ гардидааст.

    «...бо назардошти таваҷҷуҳи зиёди аҳолӣ ба қарзҳои ипотекӣ барои харидории манзил аз бозори дуюмдараҷаи амволи ғайриманқул ва қарздиҳии фаъоли онҳо аз бонкҳои тиҷоратӣ, барои қонеъ гардонидани ин талабот ба нақша гирифта шудааст, ки захираҳои дар Барнома пешбинишуда, дар семоҳаи 1-уми соли 2022 пеш аз мӯҳлат азхуд карда шаванд. Дар ин бора, дар моҳи декабри соли 2021, бонкҳои тиҷоратӣ ба таври хаттӣ огоҳ карда шуданд, зеро онҳо аллакай портфели захираҳои ипотекаи мувофиқро барои бақияи захираҳои мавҷуда ташаккул дода буданд," — гуфта мешавад дар изҳороти ШБИ.

    Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки ширкат дар якҷоягӣ бо Вазорати молия ва дигар ниҳодҳо, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби захираҳо барои бозмаблағгузории қарзҳои мувофиқи ипотека фаъолона кор бурда истодааст. Ширкат иттилооти иловагии марбут ба ин корро дар сомонаи расмии худ, дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар канали худ дар "Telegram" эълон мекунад, хабар медиҳад " Review".

    "Дар робита ба гуфтаҳои дар боло зикршуда, то муайян шудани манбаъҳои маблағгузорӣ, ШБИ муваққатан бозмаблағгузории қарзҳои ипотекии мувофиқро барои хариди амволи ғайриманқул аз бозори дуюмдараҷа бозмедорад", - гуфта мешавад дар изҳорот.