Дар Ӯзбекистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ аз 14 июл оғоз мешаванд

    Таълим 11 Iyul 2024 696

    Дар соли таҳсили 2024/2025 имтиҳони дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва касбӣ аз 14 июл оғоз мешавад.Онҳо ҳар рғз дар ду смена гузаронда мешаванд. Сменаи якум соати 08:00, сменаи дуюм соати 15:00 оғоз меёбад.

    Довталабон бояд на дертар аз якуним соат пеш аз оғоз ба ҷои таъиншуда ҳозир шаванд.

    Ба довталабоне, ки барои иштирок дар озмоишҳои тестӣ онлайн ба рӯйхат гирифта шудаанд, ба воситаи сомонаи my.uzbmb.uz “Рухсатномаи довталаб” дода мешавад.

    Довталабон дар имтиҳонҳо дар биное, ки дар суроғаи дар “Рухсатномаи довталаб” нишон дода шудааст, аз рӯи сана ва сменаҳои муайяншуда иштирок мекунанд.

    Ба довталабон иҷозат дода намешавад, ки дар имтиҳонҳо дар ҷои дигар, дар рӯзи дигар ё басти дигар иштирок кунанд.

    Довталабон бояд бидуни таъхир (на дертар аз вақти муайяншуда) бо шиноснома (картаи ID) ва шаҳодатномаи довталаб ба имтиҳон ҳозир шаванд.

    Довталабоне, ки нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳо доранд, инчунин шахсоне, ки дер омадаанд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд!


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates