Навъи «Зарҳал» ба тоифаи навъҳои хеле барвақтпази харбуза тааллуқ дорад. Давраи нашъунамо дар растаниҳо 72-78 рӯз буда, навъ бо фаровонҳосилиаш ҷудо шуда меистад. Маҳсулнокӣ 8-8,5 кг/м/кв мебошад.
Худи харбузаҳо куракшакл, ҳаҷмаш миёна буда, ҳамагӣ 0,8-1,5 килограмм вазн доранд. Пӯсти мева ҳамвор, зарди рахҳои сабз дорад, даруни харбузаи ковок буда, хеле хушбӯй мебошад. Миқдори моддаҳои хушк дар меваҳо 13,5-14,5 фоиз, қанд 12-13 фоизро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи мутахассисон, ин навъ ба касалиҳои шудиринги хок ва пажмурдашавии а фузариос тобовар аст.