Дар кори форум, ки таҳти унвони «Ҷустуҷӯи уфуқҳои нав: аз муколама то амалҳои муштарак» баргузор мегардад, аъзои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин намояндагони парлумонҳои ҷавонони ду кишвар иштирок доранд.
Ин форум ба густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ, мубодилаи таҷриба дар фаъолияти қонунгузорӣ ва амалӣ намудани назорати парлумонӣ, инчунин мусоидат ба иҷрои тавофуқоти дар сатҳи олӣ бадастомада хизмат менамояд.









