Тибқи маълумоти тафтишот, ин мансабдор бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ ва робитаҳои худ дар мақомоти андоз ба ду сокини маҳаллӣ пешниҳоди расмӣ кардани таҷрибаи қалбакии собиқаи меҳнатиро намудааст. Бо вуҷуди он ки ин шаҳрвандон қаблан дар ягон ҷо кор накарда буданд, ӯ ваъда додааст, ки барои давраи аз моҳи январ то июни соли 2025 ба онҳо маош ҳисоб мекунад ва маълумотномаи расмӣ медиҳад.
Ҳангоми амалиёти фаврӣ мард дар вақти гирифтани 12 миллион 500 ҳазор сӯм барои «хизматҳояш» боздошт гардид.
Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








