Муайян шудааст, ки судя аз як сокини шаҳри Урганҷ барои содир кардани ҳукми сафедкунӣ дар парвандае, ки дар суди ноҳияи Тупроққалъа баррасӣ мешуд, тибқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (гирифтани пора), 15 ҳазор доллари ИМА талаб намудааст. Ӯ ваъда додааст, ки тавассути ҳамкорони худ ба раванди суд таъсир мерасонад.
Судя 2 ҳазор доллар нақд ва инчунин 24 миллион сӯм тавассути корти бонкӣ гирифтааст. Вале, ваъдаашро иҷро накарда, ба баргардондани маблағҳои гирифташуда шурӯъ кардааст ва дар ҳамин вақт ҳангоми дастрас кардани пулҳо боздошт шудааст.
Дар робита ба гумонбаршуда тибқи моддаҳои 168 (қаллобӣ) ва 211 (гирифтани пора) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.








