Дар Ҷопон бори аввал экспресси баландсуръати "синкансэн"-и худидораро аз озмоиш гузаронданд

    Кормандони ширкати роҳи оҳани "JR East"-и Ҷопон аввалин қатораи тезсуръати "синкансэн"-ро бо низоми худгард озмоиш карданд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе шабакаи телевизионии NHK хабар дод.

    Қайд карда мешавад, ки озмоишҳо шабона дар қитъаи роҳи префектураи Ниигата гузаронида шуданд, хабар медиҳад ТАСС.

    Мошинист дар вагони сари поезд буд ва ходисаро назорат кард, вале ба панели асбобҳо даст нарасонд. Дар рафти озмоишҳо суръати "синкансэн" ба 100 км/соат расид ва ягон ҳолати ғайримуқаррарӣ пайдо нашуд.

    Бинобар маълумоти шабакаи телевизионии NHK, офариниши қатораҳои бесарнишин бо тарс бастагӣ дорад, ки ба далели пиршавии босуръати аҳолӣ Ҷопон метавонад дар оянда ба камбуди коргарони маҳаллӣ, аз ҷумла ронандагони қатораҳо мувоҷеҳ шавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates