Мувофиқи гузориши воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ, Хадамоти миллии оташнишонӣ дар бораи суқут хабар додааст.
Тибқи гузориш, ҳалокат ҳангоми омодагӣ барои тахриби нерӯгоҳи гармидиҳӣ, ки айни замон аз кор мондааст, рух додааст. Ду нафар наҷот дода шудаанд, аммо ҳадди аққал ҳафт нафар дар банд мондаву бедарак шудаанд. Ҳоло амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ идома дорад.
Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Ким Мин Сук ба ҳамаи вазоратҳо дастур додааст, ки тамоми кормандон ва таҷҳизоти мавҷударо барои гузаронидани амалиёти наҷот ва расонидани кумак ба онҳое, ки дар банд мондаанд, сафарбар кунанд.
Сокинони минтақаҳои наздик низ кӯчонида мешаванд, хабар медиҳад report.az.








