Тавре rt.com хабар медиҳад, Ван И дар доираи сафари худ бо вазирони корҳои хориҷии Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқотҳо доир намуда, бо роҳбарони ин давлатҳо мулоқот мекунад, дар ҷаласаи гурӯҳи тамосии СҲШ оид ба Афғонистон ва конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: алоқамандии минтақавӣ. Даъватҳо ва имкониятҳо ” иштирок менамояд.
Ғайр аз он, сафари ӯ бо мақсади ба роҳ мондани мубодилаи дӯстона бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲШ равона карда шудааст ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин мусоидат ба сулҳ дар Афғонистонро дар бар мегирад.