Аз сабаби кам шудани об истеҳсоли қувваи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обии коҳиш ёфта, дар баъзе ноҳияҳо ба муддати кутоҳ қатъ мегарданд.
Сабаби ин кам шудани истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ мебошад, ки боиси нарасидани миқдори зарурии нерӯи барқ барои пурра конеъ гардонидани талабот гардид.
Ҳамин тариқ, дар соли 2019 тавлиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ 6,5 миллиард кВт/соатро ташкил дода буд, имсол бошад, мисли пештара, ин рақам 5 миллиард киловатт соат ё 1,5 миллиард кВт/соат кам (30 фоиз) мебошад.
Ин ҳаҷми камшуда барои дар давраи тирамоҳу зимистон як моҳ бо кувваи электр таъмин намудани тамоми аҳолии республика кифоя мебуд.
Вазъияти имсола, ки захираи оби муқарраршуда дар обанборҳо ҷамъ карда нашуд, на танҳо барои Ӯзбекистон, балки барои тамоми минтақа хос аст.
Айни замон дар кишварамон барои тавлиди нерӯи барқ дар ҳаҷми пешбинишуда дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тамоми чораҳо андешида мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетика.