Ўзбекистон-Сингапур: ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд

    2 майи соли ҷорӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбоева ҳайати вакилонро бо сардории раиси парлумони Сингапур Сиа Киан Пенг қабул кард.

    Дар оғози суҳбат меҳмонон махсусан қайд карданд, ки ба шарофати сафарҳои раҳбарони ду кишвар муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Сингапур ба сатҳи нав баромад.

    Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории парлумонҳо, илму маориф, тиҷорат, иқтисод, идоракунии давлатӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳамкориҳои фаъоли байнипарлумонӣ яке аз муҳимтарин механизмҳои рушди муносиботи кишварҳои мо дар ҳама сатҳҳост.

    Дар натиҷаи мулоқот дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалии кумитаҳои парлумон ва густариши фаъолияти “гурӯҳҳои дӯстӣ” тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates