Математикони наврас аз Ӯзбекистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Сингапур 16 медал ба даст оварданд

    Насли оянда 9 Iyul 2025 774

    Дар шаҳри Сингапур марҳилаи ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии математика бо номи “Singapore International Math Olympiad Challenge” (SIMOC 2025) баргузор гардид.

    Дар ин мусобиқаи бонуфуз 45 хонандаи боистеъдоди мактабҳои минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Онҳо марҳилаҳои интихобии миллӣ ва имтиҳонҳоро дар шаклҳои ғайриоддӣ, аз ҷумла «Mind Sports» (мусобиқаҳои мантиқӣ) ва «Math Warriors» (ҷангҳои математикӣ) бомуваффақият паси сар намуданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи ниҳоӣ, дастаи Ӯзбекистон 4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст овард. Илова бар ин, 13 иштирокчӣ бо дипломҳои ҳавасмардӣ ва 30 математики ҷавон бо сертификатҳои махсус барои иштироки фаъол дар олимпиада сарфароз гардонида шуданд.

    Ин дастовардҳо натиҷаи амалӣ ва самараноки омодагии пайваста, мунтазам ва системавии хонандагон ва омӯзгорони онҳо, инчунин қобилияти насли наврас барои таҳлил, тафаккури мантиқӣ ва кор дар гурӯҳ мебошанд.

    Ин натиҷаҳо равшан нишон медиҳанд, ки дар низоми маорифи кишварамон усули наве, ки ба сифати таълим асос ёфтааст, ба таври амалӣ ҷорӣ гардида истодааст. Ҳамчунин, ин комёбиҳо далели самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф мебошанд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон амалӣ мегарданд.

    Дар чорабинии ботантана, ки ба натиҷаҳои олимпиада бахшида шуда буд, ташкилкунандагони «SIMOC» ба сатҳи баланди омодагӣ ва иштироки ҳайати Ӯзбекистон баҳои баланд доданд ва барои баррасии масъалаи баргузор кардани яке аз марҳилаҳои ин олимпиада дар Ӯзбекистон ва омодагии худро изҳор намуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates