Баҳри ҳамкории парлумонҳои Ўзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ лоиҳаҳои нав татбтиқ мегарданд

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева ҳайати Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Куриёро пазируфт.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо қайд карданд, ки дар айни замон равобити байни парлумонҳои ду кишвар ба сатҳи нав баромада, муносибатҳои аз риштаҳои наздики дӯстона, шабоҳати тафаккур, анъана ва арзишҳои халқҳои мо асосёфта ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.

    Инчунин ба он диққат дода шуд, ки дар мамлакати мо нишондиҳандаҳои савдо ва сармоягузорӣ мунтазам меафзояд, дар кишвари мо қариб ҳазор корхона бо иштироки сармояи Куриё фаъолият нишон медиҳанд. Ба хотири беҳбуди ин нишондиҳандаҳо дар ин замина доир ба густариши лоиҳаҳои муштарак табодули афкор сурат гирифт.

    Дар асоси таҷрибаи Куриё бо дастгирии Агентии ҳамкории байналмилалии “KOICA” рафти дар Ӯзбекистон татбиқ намудани лоиҳаи грантии ҷорӣ кардани низоми "Парлумони электронӣ" мавриди муҳокима қарор гирифт.

    Инчунин дар бораи мустаҳкам намудани алоқаҳои бевоситаи байни кумитаҳои нав интихобшудаи Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Куриё ва кумитаҳои Сенати Олий Маҷлис таклифҳо ба миён гузошта шуданд.

    Бо дарназардошти таҷрибаи бойи Куриёи Ҷанубӣ таъкид шуд, ки барои таъмини шуғли занон, пеш аз ҳама, ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ, баланд бардоштани иқтидори идоракунии соҳибкорӣ ҳамкориҳоро ҳавасманд кардан зарур аст.

    Дар сатҳи парлумон ҳамчунин дар масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони кории Ӯзбекистон дар Куриё табодули афкор сурат гирифт.

    Зимни суҳбат оид ба роҳандозии лоиҳаҳои нави муштарак миёни ду кишвар дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва мубориза бо коррупсия тавофуқ ҳосил шуд.