Бар асари ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза тайи ду соли охир 67 ҳазор нафар ҳалок гардиданд

    Бар асари амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза дар ду соли охир 67 ҳазор нафар кушта ва 70 миллиард доллар хисорот қайд шудааст, хабар медиҳад хабаргузории “Анадолу”.

    Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Ғазза, Исроил тавассути ҳамлаҳои заминӣ ва тирборон беш аз 80 дарсади 365 километри мураббаъ навори Ғаззаро назорат мекунад.

    Тайи ду соли охир артиши Исроил беш аз 90 дарсади зерсохтҳои Ғаззаро тахриб кардааст. Фаластиниён, ки борҳо кӯчонида шудаанд, дар маҳаллаҳои тангу серодам, ки зери бомбаборони шадид қарор гирифтаанд, дармондаанд.

    Артиши Исроил тахминан 268 ҳазор хонаро комилан хароб карда, 148 ҳазор хонаро сахт осеб расондаанд ва барои зист ношоям кардаанд, 153 ҳазор хонаро қисман хароб намудаанд. Бар асари ҳамлаҳо беш аз 288 ҳазор хонаводаи фаластинӣ маҷбур шудаанд, то хонаҳои худро тарк кунанд.

    Ба гуфтаи ҳукумати Ғазза, артиши Исроил ба 293 марказе, ки барои ҷойгир кардани мардуми овора дар манотиқи мухталифи навори Ғазза таъсис дода шудааст, зарба зада, 38 бемористонро тахриб ё бекора кардааст ва ба 96 маркази тиббӣ зарба задааст.

    Дар соҳаи таълим аз оғози ҳамлаҳо артиши Исроил мустақиман 668 бинои мактабро бомбаборон кардааст, ки ин 80 дарсади шумори умумии мактабҳои навори Ғаззаро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 165-то мактаб, донишгоҳ ва муассисаҳои таълимӣ пурра, 392-тоаш бошад, қисман хароб шудааст.

    Дар ду соли охир 247 бинои давлатӣ, 292 иншооти варзишӣ ва майдончаҳои бачагона, 208 ёдгориҳои меъморӣ ва фарҳангӣ тахриб шудаанд.

    Тибқи гузоришҳои СММ, беш аз 2 миллион фаластинӣ дар майдони 73 километри мураббаъ дар Ғазза барои зинда мондан дар шароити наздик ба фурӯпошӣ мубориза мебаранд.

    Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Ғазза, бар асари ҳамлаҳои Исроил 67 ҳазору 173 фаластинӣ кушта, 169 ҳазору 780 нафар захмӣ ва 9 ҳазору 500 нафар бедарак ва ё зери харобаҳо мондаанд.

    Аз 20 ҳазор кӯдаке, ки дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд, 1015 нафарашон зери синни яксола ва 450 кӯдаки навзод буданд, хабар медиҳад belta.by.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates