Бар асоси натиҷаҳои мусобиқа, дастаи Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон ҷойи аввалро соҳиб шуда, медалҳои тилло ба даст овард. Ҷойи дуюм насиби дастаи Малайзия ва ҷойи сеюм ба дастаи ИМА гардид, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Ин пирӯзӣ барои дастаи Ӯзбекистон аллакай шашумин ғолибият дар чунин мусобиқаҳо ба ҳисоб меравад.
Озмоишҳои конкурсӣ вазифаҳои душворро дар бар мегирифтанд, ки сатҳи баланди тайёрии ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва малакаҳои махсусро талаб мекарданд. Низомиёни Ӯзбекистон ҳамаи марҳилаҳоро бомуваффақият паси сар намуда, бо итминон ҷойи аввалро ишғол карданд.
Сарфармондеҳи Қувваҳои заминии Покистон, фелдмаршал Асим Мунир, шахсан ҷоизаи асосӣ ва мукофотҳоро ба дастаи Ӯзбекистон тақдим намуд.