Дар вазорати мудофиаи Ӯзбекистон Call-маркази ба фаъолият шурӯъ кард

    Сарҳади ҳарбӣ 3 Noyabr 2025 509

    Вазорати мудофиа бо мақсади қабули саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳо, посух додан ба саволҳои онҳо ва таъмин намудани шаффофият, фаъолияти Call-марказро бо рақами кӯтоҳи 1530 ба роҳ монд.

    Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», бо мақсади қабули фаврии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорати мудофиа дохил мешаванд, фаъолияти Call-марказ оғоз гардид.

    Ба Call-марказ метавон тариқи рақами кӯтоҳи 1530 занг зад.

    Тавассути муроҷиат ба Call-марказ, шаҳрвандон метавонанд:

    – ба ҳамаи саволҳо дар бораи даъвати ҳарбии ҳатмӣ ва даъвати сафарбарӣ ҷавоб гиранд;

    – дар бораи масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, нигаҳдории саломатӣ ва соҳаи тиб маълумоти дақиқ дастрас намоянд;

    – аз натиҷаи муроҷиатҳои худ вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва хизматҳое, ки дар соҳаи мудофиа пешниҳод мегарданд, огоҳ шаванд.

    Маълумоти шахсӣ, муҳтавои муроҷиат ва ҳамаи ҷузъиёти муроҷиаткунандагон махфӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамаи муроҷиатҳо мувофиқи тартиби қонун баррасӣ мегарданд ва дар сурати гирифтани хабарҳо оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ё дигар амалҳои нодуруст, чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

    Call-маркази Вазорати мудофиа бо мақсади фароҳам овардани хизматрасонии қулай ва босуръат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шахсони ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқу масъулиятҳои онҳо таъсис ёфтааст. Тавассути марказ, шаҳрвандон метавонанд дар бораи ҳама масъалаҳои марбут ба ниҳодҳои давлатӣ ва низоми мудофиа ҷавобҳои фаврӣ дастрас намоянд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates