Қувваҳои Мусаллаҳи Ўзбекистон дар раддабандии артишҳои тавонои ҷаҳон дар ҷои 62-юм қарор гирифт

    Сарҳади ҳарбӣ 7 Yanvar 2023 3611

    Мувофиқи раддабандии артиши тавонотарини ҷаҳон, ки аз ҷониби маркази таҳлилии «Global Firepower» ташкил карда шудааст, Қувваҳои Мусаллаҳи Ўзбекистон аз 145 ҷой мавқеи 62-умро сазовор гардид.

    Дар сегонаи аввали пешсафон ИМА, Русия ва Чин, даҳгонаи аввал Ҳиндустон, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Ҷопон, Фаронса ва Италия қарор доранд.

    Ҷойҳои охирини рейтингро Молдова, Бенин ва Бутан ишғол карданд.

    Аз кишварҳои ҳамсоя Қазоқистон ҷои 63-ум, Туркманистон - 82, Қирғизистон - 107, Афғонистон - 114 ва Тоҷикистон - 120-умро гирифтанд.

    Тибқи маълумоти Global Firepower, дар Ӯзбекистон шумораи умумии захираҳои инсонӣ барои хидмат 13,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҳар сол шумораи даъватшавандагон аз ҳисоби 622 ҳазор нафар пурра мегардад. Ҳоло дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон 65 ҳазор нафар хизмат мекунанд.

    Шумораи умумии ҳавопаймоҳо дар Неруҳои ҳавоии Ӯзбекистон 197 ададро ташкил медиҳад: 58 ҷанганда, 20 ҳавопаймои ҳамлакунанда, 13 ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиёт, 7 ҳавопаймои таълимию тамринӣ, инчунин 99 чархбол ва 33 чархболи низомӣ.

    Дар Ӯзбекистон инчунин аз 420 танк, 197 тупҳои худгард ва 143 низомҳои реактивии оташи салво истифода мебаранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates