«Мо ҳанӯз маълумот надорем, ки оё вокуниши масуният дар сурати ҷадвали омехтаи ваксина боқӣ хоҳад монд ё истифодаи он бехатар хоҳад буд. Дар айни замон, мо тавсия медиҳем, ки дар ҳолатҳое, ки вориди ду воя тақозо мегардад, барои ҳарду доза як ваксина истифода бурда шавад», - қайд кард коршинос.
Ҳамзамон, О'Брайен тавзеҳ дод, ки ташкилот гузарондани вояи дуввуми "Pfizer/BioNTech"-ро пас аз инъексия якум бо "AstraZeneca" маъқул медонад, зеро аллакай маълумот оиди чунин иммунизатсияи омехта мавҷуд аст.
"Мо дар ин бора тавсияи иҷозатнома дорем"-- гуфт вай.
Дар ниҳоят, намояндаи СУТ хотиррасон намуд, ки ваксинаҳо барои COVID-19 танҳо тақрибан як сол пеш таҳия шуда буданд, аз ин рӯ, барои "гузарондани мониторинг" ва равшан кардани он, ки антителаҳо то чӣ андоза дар бадани инсон боқӣ мондаанд, вақт лозим аст.