"Мо бояд кайҳо ин бемориро мағлуб мекардем, аммо дар асл он афзоиш меёбад" - гуфт роҳбари СУТ. Вай таъкид кард, ки шумораи хабарҳо дар бораи бемории вабо дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 ду баробар афзоиш ёфтааст ва "имсол аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд". Гебрейесус гуфт, ки "дар соли 2023 ҳадди аққал дар 31 давлат хуруҷи бемории вабо мушоҳида шудааст" ва "як миллиард нафар зери хатар қарор доранд", - хабар медиҳад ТАСС.
"Авҷҳои аз ҳама нигаронкунанда ҳоло дар Бурунди, Камерун, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Танзания, Судан, Сурия ва Зимбабве мебошанд" - гуфт директори генералӣ. Дар ҷануби Африқо дар мубориза бо ин беморӣ "пешрафти назаррас ба даст омадааст", аммо "мавсими боронгарӣ хатари хуруҷи ҷиддиро афзоиш медиҳад".
"Бахусус нигаронкунанда аст, ки кишварҳое, ки солҳои пеш ваборо аз байн бурда буданд, имсол дубора ин бемориро эҳсос мекунанд" - гуфт Гебрейюс. Вай инчунин таваҷҷуҳро ба "норасоии ҷиддии маводҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла ваксинаи даҳонӣ бар зидди вабо" ҷалб кард.
Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба даъвати ҷудо кардани 160 миллион доллар барои мубориза бо вабо посух гӯянд. "Вақти он расидааст, ки ба ин даъват амал карда, марги нолозимро пешгирӣ кунем" - гуфт ӯ.