Ҳар як баромади гимнастҳои ӯзбекистонӣ воқеаи дурахшон ва хотирмон аст. Аъзоёни даста маҳорати худро ба тамошобинон намоиш дода, намоишномаҳоеро пешкаш менамоянд, ки унсурҳои акробатика, гимнастика ва санъати анъанавии ӯзбекро ҳамоҳанг месозад, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Баромади гимнастҳои ӯзбекистонӣ ба барномаи мубодилаи байналхалқии маданӣ табдил ёфт, ки мақсад аз он мустақкам намудани алоқаҳои дӯстонаи халқҳои Ӯзбекистон ва Венгрия мебошад. Чорабинӣ тамошобинони сершумор, аз ҷумла намояндагони корпуси дипломатӣ, ходимони маданият, инчунин сокинон ва меҳмонони сершумори пойтахти Венгрияро гирди ҳам овард.
Командаи Ӯзбекистон, ки бо баромадҳои дурахшону пурҷӯшу хуруши худ машҳур аст, тамошобинонро бо маҳорат, трюкҳои далеронаи акробатӣ ва ҳунарнамоии худ ба ваҷд овард. Махсусан намоишҳои рингҳои акробатикӣ, ки ҷолиби диққати намоиш гардиданд. Тамошобинон ба маҳорати касбии гимнастҳо баҳои баланд дода, баромади онҳоро бо чапакзании пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Баъди яке аз спектаклҳо бо аъзоёни коллектив вохӯрӣ барпо гардид, ки дар он артистони ӯзбекистонӣ аз таассуроти худ дар бораи сафари Венгрия нақл карда, ба ташкилотчиён барои қабули гарму ҷӯшон ва баҳои баланд ба меҳнати онҳо миннатдорӣ баён карданд.
Намояндагони сирки Будапешт, дар навбати худ, сатҳи баланди омодагии гимнастҳои ӯзбекистониро қайд намуда, ба ҳамкориҳои минбаъда дар доираи табодули фарҳангӣ изҳори умедворӣ карданд.
Чорабинии мазкур дар таҳкими равобити фарҳангии байни Ўзбекистон ва Венгрия қадами муҳим гардида, боигарӣ ва гуногунии санъати миллиро нишон дод. Он инчунин ба оммавӣ гардондани маданияти ӯзбек дар Аврупо ва мустаҳкам шудани дӯстии байни халйҳоямон ёрӣ мерасонад.
Бекзод Собиров ва Бобур Тошпӯлатов дар мусоҳиба қайд карданд: — Гурӯҳи мо «Duo reflection» ва мо мамлакати худро дар шаҳри Будапешт муаррифӣ мекунем. Тамошобинони Венгрия спектаклҳои моро дӯст медоранд. Дар баробари мо ҳунармандони кишварҳое чун Белгия, Русия, Украина, Латвия, Фаронса ва Эфиопия низ ҳунарнамоӣ мекунанд. Мо хеле хушҳолем, ки кишвари худро дар арсаи сирки Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ мекунем.