Мувофиқи маълумот, дар ҳавои атмосфераи шаҳри Тошканд:
PM10 — миқдори заррачаҳои майдаи дисперсии ҳаво 215 мкг/м³-ро ташкил дод, ки аз меъёри иҷозатшуда (300 мкг/м³) зиёд нест;
PM2.5 — миқдори заррачаҳои хеле майда 153 мкг/м³-ро ташкил дод, ки аз меъёри муқарраршуда (60 мкг/м³) 2,5 баробар зиёд аст.
Бояд гуфт, ки болоравии ин нишондиҳандаҳо ба тағйири ногаҳонии ҳарорат низ вобаста аст. Тағйири шадиди ҳарорат боиси ба вуҷуд омадани инверсия мегардад, ки ин барои ҷамъшавии заррачаҳои майда ва афзоиши консентратсияи онҳо дар ҳавои атмосфера мусоидат менамояд.