Бори аввал аз фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ ба Мадина парвози мустақим анҷом дода шуд

    Як гурӯҳи зоирони вилояти Навоӣ савори ҳавопаймои ширкати ватанӣ ба дуввумин шаҳри муҳимтарин муқаддаси мусулмонони ҷаҳон сафар карданд.

    Бино ба маълумотҳо, тайи ду соли ахир ҳудуди 2000 сокини ин вилоят ҳаҷи барои тамоми мусалмонон ҳатмиро анҷом доданнд. Гузашта аз ин, шумораи шаҳрвандоне, ки бо ин мақсад мераванд, сол то сол меафзояд. Дар мавсими имсола 480 нафар яке аз дастурҳои фарзонаи Қуръони каримро иҷро хоҳанд кард. Ин назар ба соли гузашта 150 нафар зиёд аст.

    Тавре сардори маъмурияти минтақавӣ Нормат Турсунов зимни гусели ботантана қайд намуд, ки ба ҳоҷиён бобати дар сатҳи шоиста анҷом додани маросими Ҳаҷ кумак расондан қарзи мост. Барои ба ҷойҳои муқаддас ҳарчи осонтар сафар кардани одамон бисёр корҳо ба ҷо оварда шуданд. Мақоми фурудгоҳи байналмилалии «Навоӣ» ин вазифаро осон гардонд. Кормандони бандари ҳавоӣ раванди бароҳат ва бехатари парвозро барои ҳамаи мусофирон таъмин мекунанд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates